Сентябр 16, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Баргузории 3 размоиши низомии нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон

3 размоиши низомии нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ моҳи октябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифои Тоҷикистон аз баргузории 3 размоиши низомии нерӯҳои СПАД дар ин кишвар ва дар наздикии марз бо Афғонистон хабар дод.

Манобеи хабарии Вазорати дифо Тоҷикистон гуфтанд, ин 3 размоиши бо номҳои "Ҷустуҷӯ 2021", "Корвон 2021" ва "Ҳамоҳангии 2021" дар маҳалли "Ҳарбмайдон" дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон, дар размоиши "Ҷустуҷӯ 2021" тавони амалиёти шиносоӣ ва иктишофии нерӯҳои СПАД алайҳи мавозеъ ва таҷҳизоти гуруҳҳои террористӣ тамрин мешавад, дар размоиши "Корвон 2021", таъмини таслеҳот ва таҷҳизот ва сухти мавриди нёзи нерӯҳо мурур хоҳад шуд ва дар размоиши "Ҳамоҳангии 2021", нерӯҳои вокуниши сареъи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ раванди мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ҳангоми талоши онон барои вуруд ба қаламрави Осёи Марказиро дар марз бо Афғонистон тамринг хоҳанд кард.

 

Барчасп