СПАД аз Афғонистон хост аз даргирии мусаллаҳона худдорӣ кунад
(last modified Thu, 16 Sep 2021 08:52:08 GMT )
Сентябр 16, 2021 13:52 Asia/Dushanbe
  • СПАД аз Афғонистон хост аз даргирии мусаллаҳона худдорӣ кунад

Дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифо ва умури хориҷаи Шӯроҳои амниятии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Душанбе, баёнияе дар мавриди Афғонистон тасвиб шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин баёния фарохонӣ аз ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабии Афғонистон аст то аз даргирии мусаллаҳона худдорӣ кунанд.

Дар ин баёния хотирнишон шудааст, дар Афғонистон бояд иқдомоти лозим барои оддисозии вазъият, наҷоти ҷони мардуми ғайринизомӣ, бозгардондани сулҳ, тавсеаи иқтисодӣ, решакан кардани терроризму ​​ҷиноёти муртабит бо маводи мухаддир итхоз шавад.

Илова бар ин, кишварҳои узви СПАД хостори саркӯби ҳар гуна таҳдиди амниятӣ аз хоки Афғонистон ҳастанд ва талош мекунанд то аз имконоти созмон барои таъмини амнияти кишварҳои ҳамсоя истифода кунанд.

Кишварҳои узви созмон ҳамчунин омодаи мушорикат дар талошҳои байналмилалӣ барои субот ва тавсеаи Афғонистон бо нақши ҳамоҳангкунандаи марказии Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд.