Раҳимзода ба ҷавонони фаъоли “Авангард” мукофотпулӣ дод
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 400 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-ро бо мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ кардааст.
Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон"Pressa.tj"Гуфта мешавад, ки ин ҷавонон дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъол доштанд.
дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
“Дар оғози вохурӣ Вазири корҳои дохилӣ дар бораи вазъияти кунунии ҷаҳони имрӯза, нақши ҷавонон дар пешрафти кишвари азизамон ва шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротиву экстремистиву терористӣ ибрози андеша намуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан талқин намуданд. Дар рафти чорабини Сардори РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. суханронӣ намуда, фаъолияти ҷавонони гурӯҳи “Авангард”-ро дар сатҳи баланд арзёби намуданд”,-омадааст дар иттилои гурӯҳ.
Вохӯрии мазкур тариқи селекторӣ баргузор гардида, ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” аз шаҳру ноҳияҳо дар толорҳои РВКД дар минтақаҳо иштирок доштаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, 80 хонавода аз Афғонистон бо фарзандони худ “аз тарсу ваҳми қасди кушторашон” мехоҳанд, ба кишвар ворид шаванд. Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, рӯзи 1-уми сентябр гуфт, онҳо дар “минтақаи дахлнопазир”-и сарҳад ҳастанд. Пештар гузориш шуда буд, ки шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон аз тарси Толибон ба соҳили дарёи Ому паноҳ оварда, хостори ворид.