Сентябр 18, 2021 12:53 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Давлати Афғонистон бояд фарогир бошад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки ҳукумат ва давлатӣ, ки дар Афғонистон барпо мешавад, бояд фарогир бошад, гуфт, давлати марбут ба як қавм ва як гуруҳи сиёсӣ наметавонад мушкилотро ҳал кунад.

Саидиброҳими Раисӣ рӯзи шанбе пас аз дидори ҳамтои тоҷикистонии худ дар Душанбе дар конфронси матбуотӣ бо таъкид бар лузӯми тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ гуфт, хушбахтона назароти мо нисбат ба Афғонистон боҳам наздик аст ва ҳар ду муътақидем дахолати бегонагон мӯҷиби балоҳои бешуморе дар ин кишвар шуд ва бояд дасти бегонагонро қатъ кард. Ҳаргиз бегонагон на тавонистанд амният эҷод кунанд ва на амниятсоз буданд ва идомаи ҳузуру нақшофаринии бегонагонро намепазирем.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки ҳузури террористҳо дар Афғонистон на танҳо барои ин кишвар, балки барои минтақа хатарнок аст, гуфт, имрӯз амрикоиҳо, ки ДИИШ-ро ташкил доданд ва баъд аз инки мӯҷиби шарорат дар Ироқ ва Сурия шуд ба самти истиқрори он дар Афғонистон рафтанд.

Раисӣ ҳамчунин тавсеа ва таъмиқи равобит бо кишвари дӯст ва ҳамзабони Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт, фасли навине аз равобити ду кишвар дар ҳоли рақам хӯрдан аст ва умедворам ин сафар нуқтаи атфе дар равобит ва ҳамкориҳои Теҳрон – Душанбе бошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин нишасти хабарии муштарак аз Эрон ба унвони кишвари дӯст ва ҳамзабони Тоҷикистон ном бурд ва бо ишора ба иштирокоти фаровони фарҳангӣ ва динӣ миёни ду миллати Эрону Тоҷикистон, бар тавсеа ва таъмиқи ҳарчӣ бештари равобит таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар кишвари Афғонистон, гуфт, хоҳони истиқрори сулҳу суботи комил дар Афғонистон ҳастем ва муътақидем оромиш дар Афғонистон зомини таъмини амнияти минтақа аст ва таъсиси як давлати фарогир ва ҳамашумӯл дар Афғонистонро омили калидӣ барои истиқрори сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар медонем.

 

Барчасп