Сентябр 19, 2021 11:37 Asia/Dushanbe
  • Интихоби пизишкони тоҷик барои ҳузур дар тими пизишкии мусобиқоти футболи Осиё

Пизишкони тоҷикистонӣ барои ҳузур дар тими пизишкии мусобиқоти қаҳрамонии AFС – 2021 ва мусобиқоти интихобии ҷоми ҳазфии Осиё - 2022 интихоб шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз федерасиюни футболи Тоҷикистон, Фаррух Авазов ва Гуландом Халилова-ду пизишки тоҷике ҳастанд ки дар тими пизишкии Конфедерасиюни футболи Осиё ҳузур хоҳад дошт .
Фаррух Авазов-раиси Кумитаи пизишкии Федерасиюни футболи Тоҷикистон 22 сентябр дар тими пизишкии мусобиқаи ниманиҳои ҷоми байналмиллалии AFC - 2021 байни ду бошгоҳи ҳиндустонӣ ва узбекистонӣ ҳузур хоҳад дошт .
Гуландом Халилова-пизишки тими миллии футболи занони Тоҷикистон низ ба унвони пизишки Конфедерасиюни футболи Осиё дар гуруҳҳои B ва C мусобиқоти муқаддамотии ҷоми миллатҳои Осиё-2022 дар байни тимҳои миллии занон анҷоми вазифа мекунад .
Ин мусобиқот аз 23 то 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад .

 

Барчасп