Семинари омӯзишӣ доир ба ислоҳоти милитсия дар шаҳри Бохтар
Семинари омӯзишӣ доир ба ислоҳоти милитсия дар шаҳри Бохтарбаргузор гардид.
Бино ба иттилои Радиои "Садои Хуросон",Ҳадаф аз ин семинари омӯзишӣ ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, омӯхтани роҳҳои дурусти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
- Сухани ифтитоҳиро Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа, бовариву эътимоди мардум дар раванди пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳодисаю ҷиноятҳо муҳим буда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз ҳам тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
- Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки бо саъю кӯшиши кормандони милитсия ва ҳамкории зич бо аҳолӣ метавон пеши роҳи садҳо ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятҳоро гирифта, фазои сулҳу амнияти кишварро поянда нигаҳ дошт.
Сипас, ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Шарифзода Хушбахт дар мавзӯъҳои «Нишондиҳандаҳои фаъолияти самараноки милитсия», «Муошират, шакл ва зебоипарастӣ», баромад намуда, ҷиҳати риояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, муносибату муоширати хуб бо мардум ва робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори андеша намуд.
Сардори шуъбаи илми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршо Мансур ва инчунин коршиноси миллӣ оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа Сайфуддинов Азимҷон мавзӯъҳои дахлдори омӯзишӣ «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон», «Робитаи мутақобила», « Мафҳум, моҳият ва принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ва «Муайян намудани мушкилот ва роҳҳои ҳалли он дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ»-ро баррасӣ намуданд.