Сентябр 20, 2021 12:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз вуруди даҳҳо донишҷӯи тоҷик ба Қирғизистон

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз вуруди даҳҳо донишҷӯи тоҷик, ки қасди идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишварро доштаанд, ҷилавгирӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи СА-ниюс,  даҳҳо донишҷӯи тоҷик барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Қирғизистон ба гузаргоҳҳои марзӣ муроҷиа кардаанд, ки ба онон эълом шуд ҳақи вуруд ба ин кишварро надоранд .
Муҳаммадюсуф-яке аз донишҷўёни соли чаҳоруми тоҷик дар риштаи дандонпизишкии донишгоҳи муштараки Русия ва Қирғизистон таҳсил мекард, ки марзбонони қирғиз монеъи вуруди вай ба кишварашон шудаанд .
Вай мегуяд дар Тоҷикистон ба вай пешниҳод кардаанд, ки дар риштаи ғайрипизишкӣ метавонад таҳсил кунад ки барояш қобили қабул нест,ки  пас аз 4 сол тағйири ришта диҳад .
Фаризаонишҷӯи дигари тоҷик аз донишгоҳи муштараки Русия ва Қирғизистон, ки акнун дар Русия ба сар мебарад мегуяд, ки ба вай низ иҷозаи вуруд ба Қирғизистон надодаанд .
Дар ҳоли ҳозир марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон баста мебошад ва Бишкек эълом кардааст, ки то ҳалли ихтилофи марзии ду кишвар иқдом ба бозугшоии марз нахоҳад кард .



Бештар бихонед :

 

Барчасп