Дар Хуҷанд мактаби хусусии “Файз”- ро бастанд
(last modified Mon, 20 Sep 2021 16:22:08 GMT )
Сентябр 20, 2021 21:22 Asia/Dushanbe
  •  Дар Хуҷанд мактаби хусусии “Файз”- ро бастанд

Фаъолияти мактаби хусусии “Файз” дар шаҳри Хуҷанд аз сабаби бозхонд шудани иҷозатномааш боздошта шуд.

Бино ба гузориши "Радиои тоҷикии Садои Хуросон", ки ба нақл аз "Азия Плюс"Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Хуҷанд, иҷозатномаи ин муассиса дар асоси мактуби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда шудааст.

Сухангуйи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод бо интишори вокунише ба баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, “МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” дар қисмате аз бинои собиқ кӯдакистони рақами 32 фаъолият мекард ва талаботҳои меъёрии иҷозатномаи додашударо дағалона вайрон 

“Мактуби Шӯъбаи маориф ба унвони муассиси МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” ва директори муассиса ирсол гардида, ба онҳо дастур дода шуда буд, ки то санаи 30-уми августи соли 2021 хонандагону омўзгоронро ба дигар муассисаҳои дилхоҳашон интиқол диҳанд. Оид ба ин масъала ҳам тариқи хаттӣ ва ҳам даҳонӣ маъмурияти муассиса борҳо огоҳ карда шуда буд, аммо мутассифона онҳо аз ин ҳолати ба амал омада ба таври пурра падару модаронро огоҳ накарданд.”- омадааст дар 


Як манбаъ аз мактаби хусусии “Файз” бидуни зикри ном дар   гуфт, ки аз субҳи 20-уми сентябр хонандагонро барои таҳсил дар ин мактаб иҷозат надоданд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо давоми чанд моҳи охир барои дарёфти иҷозатнома умед доштанд, вале мақомот корро кашол доданд ва якбора дари мактабро бастанд.

“Далели аслӣ дар бинои кӯдакистони давлатӣ фйаъолият карданамон аст, ба мо гуфтанд бояд бинои худро созед. Як ҳафта пеш мо волидайни хонандагонро аз баста шудани мактаб огаҳ карда будем. Садорати мактаб то охирин лаҳза умедвор буданд, ки муассиса фаъолияташро идома медиҳад, вагарна дар оғози моҳи август волидонро огаҳ мекардем. Дар оғози соли хониш якбора бозхондани иҷозатномаи ин муассиса кори хуб нашуд”, - гуфт манбаъ.  

Раёсати маорифи вилояти Суғд низ то ба ҳол ҷузъиёти бештарро дар мавриди якбора бастани фаъолияти ин муассиса шарҳ надодааст. Аммо дар вокуниши сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд гуфта шудааст, ки Шӯъбаи маорифи шаҳр ба омӯзгорон ва хонандагон пешниҳод кардааст, ки фаъолият ва таҳсили худро дар мактаби рақами 22 идома диҳанд.

Манбаъи  аз мактаби хусусии “Файз” мегӯяд, чанд сол пештар мақомот аз маҳаллаи 8-уми Хуҷанд ба ин муассиса замин ҷудо карда буд ва ҳоло сохтмони мактаб барои беш аз 300 хонанда идома дорад. Аммо маълум нест, ки ин бино кай бунёд мешавад ва оё фаъолияти ин муассиса дигарбора барқарор мешавад ё не.  

Мактаби хусусии “Файз” дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, 360 хонанда ва 38 омӯзгор дошт. Таҳсил дар ин мактаб пурра бо забони русӣ ба роҳ монда шуда буд. Маблағи моҳонаи таҳсил дар ин мактаби барои синфҳои поёнӣ 440 сомонӣ ва синфҳои болоӣ 495 сомонӣ буд ва омӯзгоронаш аз 1000 то 2500 сомонӣ маош мегирифтанд.