Рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ бод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i74280-Рӯзи_Рӯдакӣ_гиромӣ_бод
Аз соли 2002 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 22, 2021 13:59 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ бод

Аз соли 2002 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бин Муҳаммад бин Одам Рӯдакии Самарқандӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳри Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омад ва дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

Шоирро дар охирҳои умраш тибқи навиштаи бархе тазкираҳо, бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Дар мавриди ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе шумориши онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд.

Барои гиромидошти номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудааст ва дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.

Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда ва якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд. 

Рузи 22- юми сентябр хамчун Рӯзи Рӯдаки ҷашн гирифта мешавад.