Қарзи Тоҷикистон аз бонки чинӣ
Сентябр 23, 2021 14:55 Asia/Dushanbe
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, 35 дарсад аз кулли қарзи хориҷии кишвар ба Бонки воридот ва содироти Чин аст.
Ба гузориши сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, мизони қарзи хориҷии кишвар тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 200 миллион доллар расид, ки 35 дарсади он қарзи давлат ба Бонки воридоту содироти Чин аст.
Бар асоси гузоришҳо қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар бо 38 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии кишвар эълом шудааст.
Ҳамчунин қарзи Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 350 миллион доллар, Бонки Рушди Осиё 270 миллион доллар ва Сандуқи байналмилалии Пул 180 миллион доллар аст.
Бештар бихонед:
- Баррасии ҳамкории Бонки Миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе
- Кумаки 30 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон
Барчасп