Санъати гардишгарии Тоҷикистон қурбонии вируси корона
Густариши корона сабаб шуд бисёре аз тарҳҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон иҷро нашавад.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, тавваҷуҳ ба тавсеаи зерсохтҳои гардишгарӣ дар манотиқи рустоӣ, кумак ба тарвиҷи саноеи дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар байни шаҳрвандони тоҷик, сохти ҳотелҳо барои иқомати гардишгарон аз ҷумлаи барномаҳои муҳиме буд, ки қарор буд дар Тоҷикстон иҷро шавад.
Ҳамчунин қарор буд то авохири имсол 7 меҳмонхонаи 5 ситора дар шаҳри Душанбе сохта шавад, аммо ба далели шуюъи корона то кунун фақат 4 ҳотел баҳрабардорӣ шудааст.
Барқарории парвоз байни Душанбе - Хорўғ барои осонсозии сафари гардишгарон аз дигар барномаҳои мақомоти Тоҷикистон буд, ки иҷрои ин тарҳ низ ба далели пандемияи Ковид- 19 ба ба таъхир афтод.
Бар асоси омори соли 2020 ҳудуди 86 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар карданд, ки ин теъдод ба далели шуюъи корона дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 72 дарсад коҳиш доштааст.
Солҳои 2018 то 2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ номгузорӣ шудааст.
Бештар бихонед:
- Интиқоди вазири гардишгарии Эрон аз пойин будани иртиботи гардишгарӣ бо Тоҷикистон
- Суханронии намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши “Эҳёи гардишгарии ҷаҳонӣ ва эҷоди тавсеаи шаҳрҳо”