Содироти барқ аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Wed, 29 Sep 2021 08:28:01 GMT )
Сентябр 29, 2021 13:28 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқ аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон ба зудӣ яке аз навоҳии содиркунандаи барқ мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба вилояти Бадахшон, дар дидор бо мақомот ва мардуми ноҳияи Роштқалъа гуфт: Дар ояндаи наздик ин минтақа ба содиркунандаи барқ табдил хоҳад шуд.

Вай пас аз боздид аз нерӯгоҳи обии Себзори ноҳияи Роштқалъа афзуд: Ин нерӯгоҳ метавонад бо тавлиди 110 миллион киловатт соат барқ дар сол, ниёзи ҳудуди 220 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи вилояти Бадахшон ба барқро таъмин ва дар фаслҳои баҳору тобистон низ заминаи содироти барқ ба Афғонистонро фароҳам кунад.

Вай изҳор дошт, бо сохти ин нерӯгоҳ барои ҳудуди 60 нафар шуғл эҷод мешавад.

Бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хати 220 киловатӣ ба тӯли 18 километр барои интиқоли барқи нерӯгоҳи Себзор ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон низ баҳрабардорӣ шуд.

 

Бештар бихонед: