Прокурори генералии Русия ба Тоҷикистон меояд
(last modified Wed, 29 Sep 2021 17:21:02 GMT )
Сентябр 29, 2021 22:21 Asia/Dushanbe
  • Прокурори генералии Русия ба Тоҷикистон меояд

Дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба Asia Plus،Прокурори генералии Русия Игор Краснов ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додаанд, менависад ТАСС.

“Прокурори генералии Русия Игор Краснов 29 сентябр бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд ташриф оварда, бо прокурори генералии ин кишвар Неъматулло Юлдошев дидору гуфтушунид мекунад”, - хабар додаанд дар хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Русия.

Гуфта мешавад, 30 сентябр Игор Краснов бо даъвати ҷониби Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе раҳсипор мешавад. Дар доираи сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ба нақша гирифта шудааст.