Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон "захмӣ шудааст"
(last modified Thu, 30 Sep 2021 16:02:03 GMT )
Сентябр 30, 2021 21:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон

Ҳикматулло Сайфуллозода, рӯзноманигор ва узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар қисми тиббии маҳбаси шаҳри Ваҳдат "захмӣ шудааст".

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба як манбаи хабарии Осиёи Марказӣ،Пайвандонаш гуфтанд, ба иттилои гирифтаи онҳо, як маҳбус нимашаб ба сари ӯ бо чойник задааст, аммо ангезааш маълум нест.

Як масъули зиндони шаҳри Ваҳдат 30-юми сентябр бо шарти фош нашудани ном  гуфт, маҳбус Аслиддин Турсуновро барои ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода даҳ рӯз ба ҳуҷраи ҷаримавӣ андохтанд. 
Вай афзуд, "ҳодиса ҳафтаи гузашта рӯй дода, Сайфуллозода барои захми сар табобат мегирад".

Ҳиматулло Сайфуллозода, ки моҳҳо боз аз бемории дил ранҷ мекашад ва моҳи июни имсол ҷарроҳӣ шудааст, дар қисми тиббии маҳбас бистарӣ аст.

Фароғат Сангинова, ҳамсари ӯ, ба гуфт, рӯзи панҷшанбе ба дидани шавҳараш рафт, вале ба қисми тиббии зиндон роҳ наёфта, бо ӯ телефонӣ суҳбат кард.

"Як ҳафта шуд, ки даракаш набуд. Рӯзи гузашта духтури маҳбас занг зад ва доруҳоеро фармоиш дод, ки барои табобати захм ё ҷойи бурида зарур аст.
 Бо шавҳарам телефонӣ суҳбат кардем, гуфт, ки соати дуи шаб як маҳбус даромада, ба сараш бо чойники вазнин задааст", -- нақл кард Сангинова.

Ҳамсари Сайфуллозода иддао кард, ки "маҳбуси ҳамлавар бемор набудааст", вале чӣ гуна дар нимашаб ба қисми тиббии маҳбас роҳ ёфтааст, маълум нест. Мақомот расман қазияро шарҳ надодаанд.