Октябр 01, 2021 20:53 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни мақомоти молии Тоҷикистон ва Узбакистон

Вазоратхонаҳои дороии Тоҷикистон ва Узбакистон тафоҳумномаи ҳамкориро имзо карданд.

Ба гузориши “Ховар”, дар дуюмин рӯзи ҳамоиши иқтисодии Узбакистон, тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои дороии Тоҷикистон ва Узбакистон имзо шуд.

Ин тафоҳумномаи Рофизиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Темур Эшматов, вазири дороии Узбакистон имзо кард.

Имзои ин санад муҷиби густариши ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои дороии ду кишвар мешавад.

Нахустин ҳамоиши иқтисодии Узбакистон бо ҳадафи дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор, мавзӯоти марбут ба тавсеаи бозори сармоя, иҷрои тарҳҳои муштараки умумӣ - хусусӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ байни кишварҳои минтақа баргузор шуд.

 

Барчасп