Ноябр 07, 2016 21:18 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии раиси вилояти Хатон аз ҷамъбасти кори 9 моҳаи соли равон

Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатолон дар ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳаи соли равон гуфт, гарчанде қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар вилоят барзиёд иҷро гардида бошад ҳам, вале қисме аз ноҳияҳои вилоят танҳо баъди кам кардани нақшаи буҷети маҳаллӣ аз иҷрои он баромадаанд.

Оқои Гулмаҳмадзода дар ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳаи соли равон  аз он изҳори нигарони намуда, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» 1,7 миллион сомонӣ ва «Тоҷиксодиротбонк» 1,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозро насупоридаанд.

Дар ин давра, гуфтааст  Давлатшо Гулмаҳмадзода,  аз  56 лоиҳаи пешниҳоднамудаи  соҳибкорони  вилоят танҳо 3 лоиҳа ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Фонди дастгирии соҳибкорони   назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастгирии молиявӣ  ёфтааст.

Имрӯзҳо дар вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Мувофиқи  санҷишҳои пешакӣ   ҳосили пахтаи  парвариш намудаи  деҳқонон дар вилоят  хуб аст, вале  ҷамъоварии он  дар қисме аз  ноҳияҳои пахтакории  вилоят қаноатбахш  қарор надорад.

Гуфтанист, соли равон дар вилояти Хатлон мебоист 69 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд, вале 48 корхонаи истеҳсоли мавриди истифода қарор гирифта,  2500 ҷои нави кори таъсис шудааст.

Дар ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳаи соли ҷорӣ Давлатшо Гулмаҳмадзода аз он изҳои нигарони дошта, ки   рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон  «Дар бораи «Соли рушди неруи зеҳнӣ»»эълон намудани соли 2016» суст қарор дошта,  дохилшавии  хатмкунандагон ба донишгоҳҳо ҳамагӣ 69,3 фоизро ташкил додааст.

Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон зимни суханронии хеш аз ғайриқаноатбахш қарор доштани омодаги ба зимистонгузаронӣ, аз қайди никоҳи давлати кам гузаштани навхонадорон ва суст будани корҳои фаҳмондадиҳи дар байни аҳолӣ  изҳори норозигӣ дошт.

Ӯ гуфт, натиҷаи суст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳи  он аст, ки 240 нафар ҷавонони вилоят дар ҷангҳои давлати ба ном исломӣ,  дар  Сурия иштирок намуда, ба номи вилоят иснод овардаанд.