Сафари раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
(last modified Mon, 04 Oct 2021 12:22:10 GMT )
Октябр 04, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс  раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сафари Ховалинг аз оромгоҳи мансуб ба Увайси Қаранӣ дидан кард .
Ӯ дар ин макон барои сулҳу оромиш дар кишвар ва шодиву рифоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дуъо кард .
Оромгоҳи мансуб ба Увайси Қаранӣ дар табиати яке аз зеботарин маконҳои ноҳияи Ховалинг қарор дорад ва ҳар рӯз ​​400 то 500 гардишгари дохилӣ ва хориҷӣ аз ин оромгоҳ дидан мекунанд .
Эмомалӣ Раҳмон- пас аз дидан аз оромгоҳ мактаберо барои 480 донишомӯз дар ин ноҳия ифтитоҳ кард . Бинои идории ҷамоати Ғаффор Мирзо низ бо ҳузури раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ифтитоҳ шуд .
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз теъдоде боғ, хоҷагиҳои мурғдорӣ  ва кишоварзии ноҳия ҳам боздид кард . Баҳрабардорӣ аз толори ҳамоиши ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз дигар барномаҳои Эмомалӣ Раҳмон буд .