Тавлиди масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 04 Oct 2021 12:38:40 GMT )
Октябр 04, 2021 17:38 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон

Дар 6 моҳи аввали имсол масолеҳи сохтмонӣ ба арзиши яку ним миллиёрд сомонӣ дар Тоҷикистон тавлид шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати саноъат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон дар ин муддат арзиши содироти масолеҳи сохтмонӣ аз Тоҷикстон 27.2 миллион доллар ва арзиши воридоти ин маҳсулот ба Тоҷикистон 26.6 миллион доллар эълом шуд.
Ҳамчунин мақомоти вазорати саноеъи Тоҷикистон эълом карданд дар ин муддат 613 ҳазор тони семон аз Тоҷикистон ба кишварҳои Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд .
Бар асоси омори Тоҷикистон аз назари рушди тавлидоти саноъатӣ рутбаи аввалро дар байни кишварҳои ИДМ касб кардааст .
Пас аз Тоҷикистон, Молдова бо 12 дарсад ва Беларус бо 11 дарсад рушди тавлидоти саноъатӣ дар рутбаҳои баъдӣ қарор доранд .