Дар Тоҷикистон ҷазо барои амалисозии таълимоти ғайриқонунии динӣ сангинтар мешавад
Ҳукумат лоиҳаи тағйироту иловаҳоро дар ин бора ба парлумон.
Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба "Азия Плюс"،
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро ирсол намуд, ки мувофиқи онҳо, ҷазо барои амалисозии таълимоти ғайриқонунии динӣ сангинтар мешавад, аз ҷумла тариқи Интернет, агар ин амалҳо хусусияти динии ифротгароӣ надошта, дар муддати як соли баъди истифодаи ҷазои маъмурӣ барои чунин қонушиканиҳо содир шуда бошанд.
Қаблан барои чунин қонушиканиҳо танҳо ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисоб аз 48 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ Буд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки агар шаҳрванди бо ин далелҳо ба ҷазои маъмурӣ ҷалбшуда ин амалро дар муддати як сол такрор кунад, метавонад ба муҳлати аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.