Октябр 07, 2021 19:50 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи як маркази омӯзишӣ, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад, дар Хуҷанд

Дар Хуҷанд як мактаб бо маблағгузории Русия сохта мешавад.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сохтмони ин маркази таълимӣ 1 сентябри соли 2022 ба анҷом мерасад.
Мактаб барои бо таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда пешбинӣ шудааст.
 Дар қаламрави маҷмааи мактаб майдонҳои бозии футболу волейбол, баскетбол ва дигар майдонҳои вразишӣ ҷойгир мешаванд.
 Дар дохили бино сохтмони толори варзишии зимистона ва ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия ташаббуси муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия аст.
 Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.
усия бунёди 5 мактаби русзабон дар Тоҷикистонро тобистон оғоз мекунад
Барои сохтмони ҳар кадоме аз мактабҳо ҳудуди 1 млрд 200 млн рубли русӣ ҷудо карда мешавад.

Барчасп