Октябр 08, 2021 21:48 Asia/Dushanbe
  • Имкони азсаргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон ваъда дод, ки ба наздикӣ ҳаракати транзитии автобусҳои мусофирбарӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон аз сар гирифта мешавад.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Шавкат Мирзиёев дар дидор бо мардуми вилояти Сурхондарё, дар ҷануби Узбакистон дар чорчӯби барномаи омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвараш эълом кард, ки ба наздикӣ ҳаракати транзитии автобусҳои мусофирбарӣ миёни ин минтақа ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона азсар гирифта мешавад.

Дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди коҳиши омори мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Панҷакент бо Тошканд, Самарқанд ва Тирмиз қатъ аст.

Ҳарчанд Узбакистон тамоми масирҳои заминии худ ба кишварҳои ҳамсояро бозкушоӣ карда, ин мавзуъ бо Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп