Октябр 09, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
  • Дархост аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи муи сар ва риш

Дафтари намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз коргарони муҳоҷири тоҷик дархост кардааст, ки бо мураттаб кардани муи сар ва риши худ аз эҷоди тарсу ваҳшат дар миёни сокинони бӯмии ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, ба коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ тавсия шудааст, ки намозро танҳо дар масоҷид ва маконҳои ибодӣ иқома кунанд ва аз хондани намоз дар кучаву хиёбонҳо худдорӣ намоянд .
Ҳамчунин дархост шуда, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар вақтҳои фароғат ба синамо, театр, музеҳо, китобхонаҳо ва марказҳои таърихии Русия раванд ва бо фарҳангу  таърихи ин кишвар ошно шаванд .
Таъкид шудааст, ки дар сурати имкон коргарони муҳоҷири тоҷик ба таври ғоибона вориди донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишии Русия шаванд ва дар роҳи фарогирии илм ва касбу тахассус талош ба харҷ диҳанд.

 

Барчасп