Вазорати адлияи Тоҷикистон : Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода шиканҷа нашудааст
Вазорати адлияи Тоҷикистон дар баёнияе ахбори шиканҷаи узви Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломиро дар зиндон рад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебсайти Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ин баёния омадааст: Таҳқиқот нишон дод, ки 5 сентябри 2021 байни Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Аслиддин Турсунов даргирии лафзӣ рух додааст .Дар пайи даргирии лафзӣ Аслиддин Турсунов натавонист тавҳинҳои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзодаро таҳаммул кунад ва ӯро мавриди зарбу лат қарор дод .
Бар асоси гузоришҳо Аслиддин Турсунов ҳамон рӯз ба далели нақзи муқаррарот ба муддати 15 рўз ба тавқифгоҳи инфиродӣ мунтақил шуд .
Дар муъоинот ва гузоришҳои пизишкӣ низ мушаххас шуд ки ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ҳеч гуна садамае ворид нашудааст .
Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кард: Гузоришҳо ва иддиъоҳои ғалати бархе аз созмонҳои ифротӣ дар мавриди шиканҷаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода фақат барои ташвиши афкори умумӣ аст ва воқеият надорад .
Бештар бихонед :
- Муроҷиат ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
-
Нигаронии "Хабарнигорони бидуни марз" аз вазъи ҷисмонии Сайфуллоҳзода