Ирсоли 755 миллион доллар даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон
Коргарони муҳоҷири тоҷик таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 755 миллион доллар даромади молӣ ба Тоҷикистон интиқол доданд.
Бонки марказии Русия эълом кард: Коргарони муҳоҷири тоҷик даромади молии худро аз тариқи бонкҳои мухталиф ба бонкҳои Тоҷикистон мунтақил карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2020 1 миллиарду 741 миллион доллар ба Тоҷикистон ирсол карданд, ки ин мизон дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 759 миллион доллар коҳиш ёфтааст .
Ҳамчунин дар соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик дуву ним миллиард доллар ба Тоҷикистон ирсол карданд, ки ин маблағ баробар бо 30 дарсади тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар он сол буд .
Бештар бихонед :
- Дархости Русия аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи муи сар ва риш
-
Пешниҳоди тадвини созишномаи дарёфти ҳуқуқи бознишастагӣ миёни Русия ва Тоҷикистон