Октябр 13, 2021 09:38 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ройзаниҳои Раҳмон бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби сафари худ ба Белгия, бо мақомоти баландпояи Иттиҳоди Аврупо дидор ва масоили мухталифи ҳамкорӣ байни ду тарафро баррасӣ карданд.

Ба гузориши “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор бо Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Элиан Тилйе, раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Белгия ва Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷӣ ва умури амниятӣ мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо раиси Иттиҳоди Аврупо ибрози итминон кард, ки натоиҷи музокирот ангезае ҷиддӣ барои густариши ҳамкориҳои чандҷониба байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо хоҳад дошт. Тарафайн ҳамчунин тақвияту тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаҳои саноат, маъдан, зерсохтҳо, нерӯгоҳҳои обӣ, кишоварзӣ ва гардишгариро баррасӣ ва дар мавриди истифода аз зарфиятҳои истифоданашуда табодули назар карданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот тарафайн ҳамчунин ба масоили муҳими минтақа, аз ҷумла Афғонистон, густариши равобит дар бахшҳои энержӣ, манобеи об, тағйири иқлим ва рафъи паёмадҳои он, омӯзишу ҳамкориҳои дуҷониба тавваҷуҳи вижа доштанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп