Октябр 13, 2021 10:23 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллиону 661 ҳазор нафар расид

Агентии омори Тоҷикистон бар асоси саршумории соли қабл эълом кард, ҷамъияти ин кишвар ба 9 миллиону 661 ҳазор нафар расидааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, саршумории ҷамъияти Тоҷикистон дар октябри соли 2020 анҷом в натиҷаи он 12 сентябри соли ҷорӣ мунташир шуд.

Бар ин асос, аз ҷамъияти ҳудуди 10 миллионии Тоҷикистон 4 миллиону 901 нафар мард ва 4 миллиону 760 ҳазор тани дигар зан ҳастанд.

Беш аз 2 миллиону 528 ҳазор нафар, ё ҳудуди 26 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон сокини шаҳрҳо ва 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73 дарсад низ дар русто зиндагӣ мекунанд.

Тайи 10 соли гузашта ҷамъияти Тоҷикистон 2 миллиону 97 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин бар асоси баррасиҳо, дар вилояти кӯҳистони Бадахшон 227 ҳазор нафар, вилояти Суғд 2 миллиону 770 ҳазор нафар, вилояти Хатлон 3 миллиону 444 ҳазор нафар, навоҳии марказӣ 2 миллиону 270 ҳазор нафар ва шаҳри Душанбе 948 ҳазору 800 нафар зиндагӣ мекунанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп