Октябр 14, 2021 11:39 Asia/Dushanbe
  • Таътилии 103 ширкат дар вилояти Суғд

Аз оғози имсол то кунун 103 ширкат дар вилояти Суғд таътил шуданд.

Ба гузориши “Азия плюс”, дафтари намояндагии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар минтақаи Суғд эълом кард, таътилии ин теъдод воҳиди санъатӣ сабаб шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 63 миллион сомонӣ коло камтар тавлид шавад.

Наргис Шамсиева, сухангӯи Вазорати саноати Тоҷикистон ҳам гуфт: 60 ширкат ба далели камбуди маводи аввалия дар вилояти Суғд таътил шуданд.

Вай афзуд: Бақияи ширкатҳо ба далели нотавонӣ дар рақобат бо маҳсулоти хориҷӣ, қарзи бонкӣ, қадимӣ будани таҷҳизот, надоштани иҷозатномаи фаъолият ва таъмири таҷҳизот, фаъолияти худро мутаваққиф карданд.

Аммо ба гуфтаи Наргис Шамсиева, 95 маркази саноативу иқтисодӣ низ бо иштиғоли 766 нафар дар 9 моҳи имсол дар вилояти Суғд баҳрабардорӣ шудааст.

Ӯ баён кард, ин ширкатҳо дар бахшҳои саноеи сабук, маводи шимиёӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва саноеи ғизоӣ фаъолият мекунанд.

 

 

Барчасп