Октябр 15, 2021 21:01 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани иди Меҳргон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани иди Меҳргонро ба шаҳрвандони Тоҷикистон табрик гуфт.

Ба гузориши «Спутник», раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ гуфт: Ҷашни Меҳргон сабаби тақвияти решаҳои миллии кишвар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Ниёкони мо Меҳргонро ба унвони намоде аз қадрдонӣ аз неъматҳои табиат ва заҳамоти кишоварзон ҷашн мегирифтанд ва ба ин тартиб иртиботи инсон бо табиат гиромӣ дошта мешуд.

Вай изҳор дошт: Дар ин маъно, Меҳргон мавъиди бардошти маҳсул ва ба самар нишастани заҳамоти кишоварзон будааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Аҷдоди мо дар баҳор бо нияти хубу умед ба бардошти фаровони маҳсул шуруъ ба кори кишоварзӣ ва боғдорӣ мекарданд ва дар пойиз самараи талошҳои худро ҷамъоварӣ мекарданд ва пас аз бардошт ҷашн мегирифтанд ва бо шодиву хушҳолӣ ба якдигар табрик мегуфтанд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии маҳсули кишоварзону боғдорон ва баракати хонаводаҳои мардум, балки намоде аз вижагиҳои хуби маънавӣ ва фарҳангӣ аст.

Меҳргон яке аз таътилоти қадимии тоҷикҳост, ки 4000 сол собиқа дорад.

Меҳргон бо тасмими давлати Тоҷикистон аз 5 августи 2009 ба таври расмӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи Меҳргон дар «Шоҳнома» зиёд ёд кардааст ва ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар китобаш «Осор-ул-боқия» шонздаҳум рӯзи меҳрмоҳро Меҳр ё Меҳргон номидааст.   

 

Барчасп