Ҳушдори Раҳмон дар бораи таҳдидҳои амниятии Афғонистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳдидҳои амниятии ношӣ аз авзои сиёсӣ ва низомии Афғонистон ҳушдор дод.
Ба гузориши сомонаи «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистонро боиси ногувортар шудани авзои сиёсӣ ва амниятӣ дар ин кишвар унвон кард.
Вай муътақид аст, ки таҳаввулоти Афғонистон зарурати ҳамкории наздики сохторҳои амниятӣ ва дифоии кишварҳои узви ИДМ барои муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гуруҳҳои террористии мустақар дар Афғонистонро матраҳ месозад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки ниёз ба таҳияи феҳристи воҳиди гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави ИДМ ва барномаи муштараки муқобила бо ҷароими сайберӣ вуҷуд дорад.
Эмомалӣ Раҳмон аз раиси ҷумҳурии Белорус барои фаъолияти муассир дар симати раёсати Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ дар соли 2021 ташаккур кард ва ба ҳамтои қазоқаш, ки дар соли 2022 раёсати ин шӯроро бар уҳда хоҳад дошт, орзӯи муваффақият кард.