Пардохти бахше аз талаби коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
Пас аз мудохилаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ширкати боғдории вилояти Воронеж дар маркази Русия бахше аз талаби коргарони муҳоҷири тоҷикро пардохт кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, 110 коргари муҳоҷири муътаризи тоҷик ахиран бо таҷаммуъ дар муқобили идораи полиси маҳаллӣ эълом карданд, ки тайи 4 моҳи ахир дастмузди худро барои бардошти себ аз боғоти ин минтақа дарёфт накардаанд .
Онон муддаӣ буданд, ки корфармоён ҳуҷҷатҳои коргарони муҳоҷирро низ гирифтаанд ва имкони хурӯҷ аз ин минтақа ва шикоят ба полис вуҷуд надорад.
Бо пахши тасвири ин эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба маҳали кору иқомати ин коргарон омаданд ва бо гуфтугӯ бо корфармоёни русӣ мушкили пардохти талаби молии коргарони муҳоҷири тоҷик ҳал шуд .
Ин теъдод коргарони тоҷик бо хароҷоти ширкати боғдории вилояти Воронеж аз ҷумла билети ҳавопаймо, хобгоҳ ва се навбат ғизо аз Тоҷикистон 4 моҳ қабл ба ин минтақа мунтақил шуданд .
Акнун ин коргарон бо тарки ин минтақа барои пайдо кардани кор ба дигар вилоятҳои Русия рафтаанд .
Бештар бихонед :
- Дархост аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи муи сар ва риш
-
30 сентябр-охирин муҳлати сабти номи коргарони муҳоҷири ғайримуҷози тоҷик дар Русия
-
Тоҷикистон хостори додани нафақаи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири худ дар Русия