Октябр 18, 2021 14:26 Asia/Dushanbe
  • Муддати маҳкӯмияти Бузургмеҳр Ёров 4 сол коҳиш ёфт

Муддати маҳкӯмияти Бузургмеҳр Ёров - вакили мудофеъи саршиноси тоҷик бар асоси Қонӯни афви умумии ин кишвар ба муносибати 30-мин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон 4 сол коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, муддати маҳкӯмияти Бузургмеҳр Ёров-вакили мудофеъи зиндонии аъзои шӯрои сиёсии Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ, ки дар соли 2016 ба 28 сол зиндон маҳкӯм шуда буд, 4 соли дигар коҳиш ёфт .
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси Қонӯни афви умумии соли 2019 аз 28 соли ҳукми маҳкӯмияти вай 6 солу 6 моҳ кам шуда буд.
Акнун то поёни ҳукми маҳкӯмияти Ёров 11 солу 6 моҳи дигар боқӣ мондааст .
Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 пас аз қабули масъӯлияти дифо аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси Кумитаи дифо дар ин замина боздошт шуд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро бар асоси 5 модаи Қонӯни ҷазоии Тоҷикистон, аз ҷумла даъвати умумӣ барои барандозии ҳукумат, барангехтани кинаву душманӣ ва даъват ба ифротгароӣ ба 23 соли зиндон бо мусодираи мулку амволаш маҳкӯм кард .Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳу додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров изофа шуд .
Дар августи соли 2017 низ се соли дигар ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров афзуда шуд ва дар маҷмӯъ ҳукмаш ба 28 сол зиндон расид .



Бештар бихонед :

 

Барчасп