Содироти барқ аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Wed, 20 Oct 2021 09:08:32 GMT )
Октябр 20, 2021 14:08 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқ аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон ба зудӣ яке аз ноҳияи содиркунандаи барқ мешавад.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», нерӯгоҳи барқи обии Себзори ноҳияи Роштқалъа метавонад бо тавлиди 110 миллион киловатт соат барқ дар сол, ниёзи ҳудуди 220 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи вилояти Бадахшон ба барқро таъмин ва дар фаслҳои баҳору тобистон низ заминаи содироти барқ ба Афғонистонро фароҳам кунад.

Бо сохти ин нерӯгоҳ барои ҳудуди 60 нафар шуғл эҷод мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ 35 миллиону 800 ҳазор доллар ҳазина дорад, ки бахши умдаи ин манобеи молиро Бонки Рушди Олмон таъмин хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: