Ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба мардум ва чорво дар вилояти Бадахшон
(last modified Thu, 21 Oct 2021 07:28:42 GMT )
Октябр 21, 2021 12:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба мардум ва чорво дар вилояти Бадахшон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ду маврид ҳамлаи хирс ба сокинон ва домҳои онон дар ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошими вилояти Бадахшон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи, 19 октябри соли 2021 наздик ба соати 10:00 вақти маҳаллӣ ду сокини деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба ҳамлаи хирс рӯбарӯ шудаву шадидан захмӣ гаштанд. Ин ду нафар, ки як 14-сола ва дуюмӣ 48 сол дошт, субҳи бармаҳал барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд.

Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар ҷангали деҳаи Ғумаст ногаҳон як хирс ба онҳо ҳамла кардааст. Ҳарду захм бардоштаанд, захми яке сабук ва дуюмӣ вазнин гузориш шудааст.

Хушбахтона сокинони сари вақт ба кумакашон расиданд ва ба беморхона интиқол додаанд. Дар айни замон вазъи саломатии ҳарду муътадил аст ва духтурон мегӯянд ба онҳо хатаре таҳдид намекунад.

Маъмулан тирамоҳ фаслест, ки хирсҳо фаъол мешаванд. Сабаби ин он аст, ки дар бешазорон меваи дарахтон пухта мерасанд ва ин боиси муҳоҷирати мавсимии хирсҳо мешавад.

Ин кумита аз сокинони рӯстоҳои манотиқи кӯҳистонӣ хост, ки эминиро риоят кунанд ва дар сӯрати мушоҳидаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба шикорчиёни маҳаллӣ хабар диҳанд.