Эҷоди фурсати шуғлӣ барои 250 коргари тоҷик дар Ҷумҳурии худмухтори Чувашистон
Мақомоти Ҷумҳурии худмухтори Чувашистони Русия хостори ҷазби 250 коргари тоҷик барои фаъолият дар ширкатҳои ин минтақа шуданд.
Ба гузориши сомонаи Pressa.tj, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, сафири Тоҷикистон дар Русия бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба Чувашистони Русия сафар кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорат.
Манбаъ қайд кардааст, зимни мулоқоти сатҳи баланди ҳайати Тоҷикистон бо Роҳбари Чувашистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар меҳвари мулоқоти мазкур баррасии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзу ҳуқуқи онҳо, дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ ба Чувашистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни мулоқот тарафҳо қайд кардаанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар Чувашистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Чувашистон дар самтҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ кор ва фаъолият менамоянд.