Октябр 25, 2021 10:16 Asia/Dushanbe
  • Музокироти бидуни натиҷаи мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон

Музокироти мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар бораи сохти пули иртиботӣ ва селбанд дар манотиқи марзии муштарак бидуни натиҷа ба поён расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, ахиран мақомоти ин ду минтақаи марзӣ дар дидоре мавзӯи сохти пули иртиботии ҷадид аз сӯи Тоҷикистон ва селбанд тавассути Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ба далели ихтилофи назар бидуни натиҷа будааст .
Гуфта мешавад, ки тарафи Тоҷикистон таҷҳизоти сохти пули ҷадиди иртиботӣ дар минтақаи Оқсуро омода кардааст, ки ҷониби Қирғизистон ба баҳонаи то ҳануз аломатгузорӣ нашудани ин бахш аз марз бо ин тарҳ мухолифат кард.

Аммо Баҳовуддин Баҳодурзода-раиси ноҳияи Исфара таъкид кардааст, ки бо вуҷуди мухолифати тарафи Қирғизистон сохти ин пулро оғоз хоҳанд кард .

Ҳамчунин тарафи Тоҷикистон хостори мутаваққиф кардани сохти селбанд дар ноҳияи Ботканд шудааст, ки бо мухолифати мақомоти қирғиз рӯ ба рӯ гардидааст.
Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст .

 

бештар бихонед:

 

 

Барчасп