Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вуҷуди пойгоҳи низомии Чинро рад кард
(last modified Sun, 31 Oct 2021 10:26:31 GMT )
Октябр 31, 2021 15:26 Asia/Dushanbe
  • Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вуҷуди пойгоҳи низомии Чинро рад кард

Дар пайи интишори ихборе дар хусуси сохти пойгоҳи низомии артиши Чин дар қаламрави вилояти Бадахшон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши баёнияе ин хабарро рад кард.

Ба гузориши сомонаи ТОП Тҷ, мақомоти Вазорати умури хориҷаи Чин низ гуфтаанд, ки ин кишвар дар Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи сохти пойгоҳ барои неруҳои зудамали Вазорати корҳои дохилаи ин кишварро аз сӯйи Чин дар вилояти Бадахшон тасвиб кард.

Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ ба Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ин тамрингоҳ дар деҳаи Вахони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон бо манобеи молӣ ва таҷҳизотии Чин сохта хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳазинаи сохти ин пойгоҳ 100 миллион сомонӣ мебошад, ки аз сӯи Вазорати амнияти дохилии Чин таъмин хоҳад шуд.

Қаблан мақомоти Вазорати амнияти дохилии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи сохти ин пойгоҳ дар марзи муштараки ду кишвар барои муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ аз сӯйи гуруҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон ба тавофуқ расида буданд.

Гуфта мешавад, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон воридоти таҷҳизоти мавриди ниёзи ин пойгоҳ аз Чинро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардааст.

 

Бештар бихонед: