Ноябр 01, 2021 15:48 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти рафтори веблогнависи тоҷик

Пизишки саршиноси тоҷик дар Русия рафтори зишти веблогнависи тоҷикро, ки тавҳин ба арзишҳои эътиқодии мардуми бумии ин кишвар мебошад, маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи русии Газета.ру, Абдуллоҳ Давлатов гуфтааст, ки тавҳин ба арзишҳои эътиқодии пайравони адёни илоҳӣ рафтори ғайри қобили пазириш ва зишт мебошад .

Вай афзуд : Аз ин рӯ иқдоми Руслан Бобиев ( номи аслиаш Талабҷон Муродҷонзода ), ки ба далели аксбардории ғайриахлоқӣ дар наздикии калисои прославии Василий Блаженнъй дар майдони марказии Маскав ба 10 моҳ зиндон ва ихроҷ аз Русия маҳкум шуд, барои ҷомеъаи наздик ба 2 миллион нафарии тоҷикҳои муқими Русия қобили дарк нест ; зеро дар кишваре ки мизбони миллионҳо коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ мебошад, ба ҷои эҳтиром ба қонунҳо ва фарҳанги мардуми бумӣ даст задан ба иқдомоти тавҳиномез, амали ношоиста аст.
Абдуллоҳ Давлатов муътақидаст, ки дар сурати ихроҷи ин веблогнависи тоҷик ба Тоҷикистон дар кишвараш низ рафтори вай ба шиддат маҳкум хоҳад шуд. Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав веблогнависи тоҷик ва як духтари русро ба иттиҳоми тавҳин ба арзишҳои динии мардуми Русия ба 10 моҳ зиндон маҳкум кард . Онон бо гирифтани аксҳои ғайриахлоқӣ канори калисо, иқдом ба интишори ин тасвирҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ карданд, ки бо эътирози корбарон рӯбарӯ шуд.
Мақомоти қазоии Русия ин иқдомро ба унвони тавҳин ба эътиқодоти пайравони мазҳаби прославӣ арзёбӣ карданд



Бештар бихонед :

 

Барчасп