Июл 26, 2016 10:57 Asia/Dushanbe
  • Имтиёзоти Тоҷикистон аз пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Коршиноси масоли сиёсии Осиёи Марказӣ бар ин бовар аст, ки пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дастовардҳои зиёде барои Тоҷикистон дорад, ки муҳимтарини он дарёфти имтиёзи омаду рафти озодонаи коргарони муҳоҷири ин кишвар ва фаъолияти онон аз пардохти ҳазина барои муваҷҷизи кор хоҳад буд.

Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ мегӯяд, пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имтиёзоти иқтисодии зиёде барои Тоҷикистон ба ҳамроҳ дорад.

Ба гузориши "Авесто", Виктор Борисов таъкид кардааст, ки муҳимтарини дастоварди Тоҷикистон аз пайвастан ба ин иттиҳодия, дарёфти имтиёзи омаду рафти озодонаи коргарони муҳоҷири ин кишвар ва озод шудани онон аз пардохти ҳазина барои муваҷҷизи кор хоҳад буд.

Ин коршинос бо ишора ба фаъолияти беш аз 1 миллион коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия афзуд: "Бо пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия, монеаҳое назири ширкат дар озмуни забони русӣ ва қавонини ҳуқуқии ин кишвар, дарёфти муҷаввизи моҳонаи кору иқомат ва маҳдудияти манотиқи ҳузури коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бартараф хоҳад шуд".

Борисов таъкид кард: "Ҳамчунин коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ метавонанд бо атбои Русия, Белорус ва Қазоқистон аз имтиёзоти яксон дар заминаи бима, хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ва дарёфти ҳуқуқи бознишастагӣ бархурдор шаванд".

Вай афзуд: "Бо таваҷҷуҳ ба пайвастани Ветнам ба тавофуқномаи минтақаи озоди тиҷории Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва эъломи омодагии Эрон ва Покистон барои вуруд ба ин минтақа ва низ дурнамои ҳамкории Чин бо ин созмони ҳамгироӣ, пайвастан ба ин иттиҳодия заминаи рушди бештари иқтисодии Тоҷикистонро фароҳам хоҳад кард".

Бар асоси омори расмӣ, беш аз 1 миллион ва бар асоси омори ғайрирасмӣ ҳудуди 2 миллион коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд, ки даромадҳои ирсолии солонаи онон баробар бо 40 дарсад аз даромади тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст.

Барчасп