Ноябр 06, 2021 10:46 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии 229 ширкати тавлидӣ аз оғози имсол токунӯн дар Тоҷикистон

229 маркази санъатӣ дар 9 моҳи имсол дар Тоҷикистон таъсис шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин теъдод маркази тавлидӣ колоҳое ба арзиши 30 миллиондоллар тавлид карданд.

Ҳамчунин бар асоси омор 2067 нафар низ дар ин ширкатҳо машғӯл бакор шуданд.

Маҷмӯи сармоягузориҳои саноатӣ низ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудӯди 3.8 миллиардсомонӣ (340 миллиондоллар) будааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълом кард, аз оғози имсол токунӯн 35 маҳсӯли ҷадид дар корхонаҳои кишвар тавлид шуд.

Аз ҷумлаи ин маҳсӯлот метавон ба каналҳои таҳвия, дар, обгармкуни барқӣ, чангкашак, мошини либосшуии нимаавтомат, хокаи либосшуӣ, телевизион, нармкунанда ва ғайра ишора кард.

Бар асоси пешбинии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон то поёни соли ҷорӣ теъдоди бунгоҳҳо ва коргоҳҳои тавлидии кишвар ба 292 воҳид афзоиш хоҳад ёфт.

Тибқи омори ин вазоратхона,  2360 бунгоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст.

 

Барчасп