Ноябр 10, 2021 09:44 Asia/Dushanbe
  • Лағви раводиди Тоҷикистон барои 52 кишвар

Давлати Тоҷикистон аз аввали январи соли 2022 барои 52 кишвар ба таври якҷониба дарёфти раводидро лағв мекунад.

Замони иқомати шаҳрвандони ин кишварҳо дар хоки Тоҷикистон бинобар бахшномаи давлати Тоҷикистон 30 рӯз таъйин шудааст.

Вазорати умури хориҷа,  Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муваззаф ба назорат бар иҷрои ин қатънома шудаанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мутааҳҳид шудааст, ки вазъи якҷонибаи қонуни бидуни раводидро ба иттилои кишварҳои марбута бирасонад.

Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони 58 кишвар метавонанд бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Ба эҳтимоли зиёд, ин иқдом бо ҳадафи афзоиши сармоягузорӣ ва сафари гардишгарони хориҷӣ иҷро мешавад.

Бар асоси эъломи мақомоти Тоҷикистон, аз аввали январи соли 2022 мелодӣ шаҳрвандони кишварҳои Австралия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Люксембург, Бруней, Кувайт, Қатар, Зелландияи Нав, Амрико, Исландия, Канада, Швейтсария, Малайзия, Венгрия, Австрия, Аргентина, Олмон, Доминикан, Индонезия, Италия, Кореяи Ҷанубӣ, Куба, Латвия, Литва, Молдова, Полша, Португалия, Сингапур, Туркия, Филиппин, Финландия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Чили, Шриланка, Эквадор, Эстония, Юнон, Лихтейнштейн, Монако, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Белгия, Дания, Испания, Ҳоланд, Норвегия, Таиланд, Урдун, Шветсия, Ямайка ва Ҷопон метавонанд бидуни дарёфти раводид ба муддати 30 рӯз дар Тоҷикистон иқомат кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп