Ноябр 11, 2021 11:32 Asia/Dushanbe
  • Интизори бозикунони тоҷик барои имзои қарор дод бо

Бозикунони тоҷикистонӣ ҳанӯз бо тими футболи "Персполис" қарордод имзо накардаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ таҳлилии Андешаи муосир баназар мерасад, "Персполис" ботаваҷҷуҳ ба баста будани панҷараи нақлу интқолотӣ, қасд дорад чанд рӯзи дигар сабр кунад то бо эъломи вусӯли мутолибот аз сӯи Габриэл Калдерон ва рафъи маҳрӯмият, қарордодро имзо кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки бошгоҳи Персполис акнӯн фурсати имзои қарордод дорад ва фақат ба далели баста будани сомонаи “TMS” наметавонад қарордодро сабт кунад ва ITC бигирад ва мушкиле барои сабт вуҷӯд надорад.

Раиси Кумитаи нақлу интиқолоти созмони Лига низ тавзиҳоте дар мавриди сабти қарордоди бозикунони тоҷикистонии маддиназари Персполис пас аз боз шудани панҷараи нақлу антқолотии ин бошгоҳ ироа кард.

Фарибурз Маҳмудзода дар бораи шоибаи матраҳ шуда мабнӣ бар инки Ваҳдат Ҳанонов ва Манӯчеҳр Сафаров ба далели фасхи қарордоди худ бо бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон пас аз итмоми замони нақлу антқолотии Лигаи ин кишвар бозикуни озод нестанд ва наметавонанд пас аз боз шудани панҷараи нақлу интиқолоти Персполис қарордоди худро бо ин бошгоҳ сабт кунанд, изҳор кард, Персполис ё ҳар бошгоҳи дигаре, ки панҷараи нақлу антқолоташ баста бошад ҳақ дорад бо бозикуни маддиназари худ ақди қарордод кунад ва ин иқдом бо вуҷӯди баста будани панҷараи нақлу антқолотии ҳар бошгоҳе манъи қонӯнӣ надорад.

 

Барчасп