Самбокори ҷавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд
Самбокори ҷавони тоҷик Акмалиддин Каримов қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Ба гузориши “Спутник”, Акмалиддин Каримов, ки то ҳол панҷ бор ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон расида буд, ниҳоят ҷойи аввалро гирифт.
Акмалиддин Каримов, паҳлавони тоҷик дар риштаи самбо, ки орзуяш қаҳрамони ҷаҳон шудан арзёбӣ мешуд, ниҳоят дар 30-солагӣ ба ҳадафаш расид.
Дар марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон, ки шоми 12 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, Каримов бар ҳарифаш аз Русия Хертек Саян пирӯз гардида, медали тило ва унвони қаҳрамонии ҷаҳонро гирифт.
Ӯ баъди шикаст додани паҳлавон аз Марокаш дар даври ниманиҳоӣ бар варзишгар аз Қазоқистон Булатбек Раимқулов пирӯз шуда, дар даври ниҳоӣ бар ҳарифи русиягиаш бо ҳисоби имтиёзҳо дастболо гардид.
Инчунин Хушқадам Хусравов низ то марҳилаи ниҳоӣ расида, медали нуқра ва унвони ноибқаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунанд. Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбакистон, шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр идома меёбад, ки дар он беҳтарин варзишкорони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишкорон аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.