Ноябр 13, 2021 10:03 Asia/Dushanbe
  • Касби рутбаҳои бартари донишомӯзони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ

Донишомӯзони шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии Анталя мақомҳои бартарро касб карданд.

39 донишомӯзи муассисоти омӯзишии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии Анталя ифтихорофаринӣ карданд.

Дар ин Олимпиада донишомӯзон дар риштаҳои риёзӣ, ҷуғрофиё, шимӣ, забони русӣ ва англисӣ, ширкат карданд.

Дар ин рақобатҳо 10 нафар мақоми аввал, 12 нафар мақоми дувум ва 17 нафар мақоми сеюмро касб карданд.

Олимпиадаи байналмилалии Анталя аз 31 октябр то 7 ноябр дар Туркия баргузор шуд.

 

Барчасп