Воксиносиуни 47.3 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон дар баробари корона
Бинобар омори Вазорати тандрустии Тоҷикистон то 12 ноябр ба 2 миллиону 758 ҳазору 384 шаҳрванди болои 18 соли ин кишвар воксани корона тазриқ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон то 12 ноябри соли ҷорӣ 47. 3 дарсад ё 2 миллиону 758 ҳазору 384 шаҳрванди ин кишвар воксани коронаро дарёфт карданд .
Бинобар омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин то ба имрӯз ба 2 миллиону 265 ҳазору 815 шаҳрванди (38. 9 дарсад ) ин кишвар дозаи дувуми воксани корона тазриқ шудааст.
Маъракаи воксиносиуни сокинони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон 100.4 дарсад анҷом шудааст .
Тибқи тасмими Ситоди марказии ҷилавгирӣ аз корона дар Тоҷикистон воксиносиун барои шаҳрвандони 18 сол ба боло дар ин кишвар иҷборӣ аст .
- 5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 –и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт
- Ваксинаҳои эронии корона асарбахшии бисёр қобили қабул доранд
Бар асоси гузориши ахири Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар як мавриди ҷадиди ибтило ба коронаи сабт ва 3 нафар баъд аз дармон ба хона ҷавоб шуданд .
Ба таври куллӣ аз рӯзҳои аввали сабти аввалин мавориди ибтило ба корона то 12 ноябр 17 ҳазору 91 нафар дар ин кишвар ба ин беморӣ мубтало шуданд . Аз ин миён 16 ҳазору 965 тан беҳбуд ёфтанд .
Теъдоди ҷонбохтагон бар асари бемории ҳамагири корона дар Тоҷикистон 124 нафар эълом шудааст .