Афзоиши мизони умед ба зиндагӣ дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард мизони умед ба зиндагии сокинони ин кишвар афзоиш ёфтааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси ин гузориш дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор солманд зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан 6 дарсад аз кулли ҷамъиятро ташкил медиҳанд . Аз ин теъдод 56 ҳазор нафар синни болои 80 сол доранд, ки 11.2 дарсад аз кулли солмандони ин кишвар аст .
Миёнгини умед ба зиндагӣ дар Тоҷикистон дар соли 2020 милодӣ 75 сол ва барои мардони 73.5 сол ва барои занон 76.8 сол будааст .
Таҷзияу таҳлил нишон медиҳад, ки умед ба зиндагии ҷамъияти рӯстоии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҷамъияти шаҳрӣ 5.2 дарсад бештар аст ; ба таври куллӣ 76.1 сол ва барои мардон 74.6 сол ва 77.7 сол барои занон баровард шудааст .
Вазорати тандрустии Тоҷикистон ин равандро бо афзоиши сатҳи зиндагии ҷамъият ва афзоиши тадриҷии фурсатҳои молӣ ва моддии мардум муртабит медонад .
Миёнгини умед ба зиндагӣ дар Тоҷикистон аз 68.2 сол дар соли 2000 ба 72.5 сол дар соли 2011 расид . Дар соли 2015 миёнгини умед ба зиндагии ҷамъият ба 74.3 сол расид, ки нисбат ба соли 2000 милодӣ 5 сол бештар шудааст .