Дархости Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ирсоли номае ба Ҳукумати кишвар дархост кардааст, ки аз иҷро шудани тарҳи шаҳрдории Душанбе, дар хусуси тахриби хона- музеи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон ва поягузории адабиёти навини ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», дар ин нома бар зарурати ҳифзи ин бинои таърихӣ ба унвони бахше аз фарҳанги миллии тоҷикон, ки Садриддин Айнӣ барои дифоъ аз забони тоҷикии форсӣ ва таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ба харҷ додааст, таъкид мешавад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дафтари шаҳрдории Душанбе дар назар дорад хона - музеи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистонро тахриб кунад ва фазои дохилии онро ба макони дигаре мунтақил кунад. Аммо маҳофили илмӣ ва адабиву расонаии Тоҷикистон ба шиддат бо ин тарҳ мухолифат кардаанд.
Садриддин Айнӣ дар 27 апрели 1878 дар наздикии Бухорои кунунӣ ба дунё омадааст.
Ӯ аввалин раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва поягузори адабиёти навини Тоҷикистон аст.
Дар моҳи сентябри 1998 бо ҳукми Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Садриддин Айнӣ унвони қаҳрамони Тоҷикистон эъто шуд ва акси ӯ бар рӯи эскиноси 5 сомонӣ қарор гирифт.