Ноябр 19, 2021 18:49 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси ҷадиди Барномаи Ҷаҳонии Ғизо

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси ҷадиди Барномаи Ҷаҳонии Ғизо дар ин кишвар мулоқот кард.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Музаффар Ҳусейнзода бо Адҳам Муслим дар бораи раванди иҷрои аҳдофи тавсеаи пойдор, таъмини амнияти ғизоӣ, пешгирӣ аз тағйироти иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ баҳсу табодули назар шуд.

Бар асоси омори марокизи пажӯҳишӣ, фақат ҳудуди 40 дарсад аз ниёзи мардуми Тоҷикистон ба маводи ғизоӣ аз захоири дохилӣ таъмин ва бақия аз кишварҳои хориҷӣ, ба вижа Чин ворид мешавад.

 

Барчасп