Мулоқоти муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси ҷадиди Барномаи Ҷаҳонии Ғизо
Ноябр 19, 2021 18:49 Asia/Dushanbe
Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси ҷадиди Барномаи Ҷаҳонии Ғизо дар ин кишвар мулоқот кард.
Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Музаффар Ҳусейнзода бо Адҳам Муслим дар бораи раванди иҷрои аҳдофи тавсеаи пойдор, таъмини амнияти ғизоӣ, пешгирӣ аз тағйироти иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ баҳсу табодули назар шуд.
Бар асоси омори марокизи пажӯҳишӣ, фақат ҳудуди 40 дарсад аз ниёзи мардуми Тоҷикистон ба маводи ғизоӣ аз захоири дохилӣ таъмин ва бақия аз кишварҳои хориҷӣ, ба вижа Чин ворид мешавад.