Озод шудани се нафар аз хешовандони Кабирӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i7714-Озод_шудани_се_нафар_аз_хешовандони_Кабирӣ
Се нафар аз бастагони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ аз зиндон озод шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 12, 2016 06:44 Asia/Dushanbe
  • Озод шудани се нафар аз хешовандони Кабирӣ

Се нафар аз бастагони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ аз зиндон озод шудаанд.

Ба гузориши сойти “Азиа плюс”, мақомоти умури зиндонҳои Тоҷикистон хабари озодии Ҷамшед Назруллоев, Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев ва Ҳикматуллоҳ Сайфовро таъйид кардаанд. Ин афрод, ки аз наздикону бастагони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд, пас аз як соли зиндон озод шудаанд.

Ин се нафар дар иртибот ба шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва зиндонӣ шуда буданд. Додситонии кулли Тоҷикистон ин афродро бинобар бо ин гурӯҳи шӯришӣ робита доштан ва интиқоли пул ба генерал Абдулҳалим Назарзода муттаҳам карда буд. Иттиҳоми дигари ин афрод иттилоъ нарасонидан дар бораи шӯриши гурӯҳи Назарзода гуфта мешуд. Бо ин ҳол, шаҳодати ин се нафар мӯҷиб шуд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон 13 узви аршади Шӯрои сиёсии Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи шӯришии генерал Абдулҳалим Назарзода ба муддатҳои тӯлонӣ ва абадан ба зиндон маҳкум кунад.