Афзоиши 23 дарсадии тавлиди маҳсулоти саноъатӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 21 Nov 2021 07:10:35 GMT )
Ноябр 21, 2021 12:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 23 дарсадии тавлиди маҳсулоти саноъатӣ дар Тоҷикистон

Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон аз рушди тавлиди маҳсулоти саноъатӣ дар ин кишвар таи 10 моҳи соли ҷорӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати саноъати Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти саноъатӣ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта афзоиш ёфтааст .

Қарзи хориҷии Тоҷикистон 15 дарсад беш аз тавлиди маҳсӯлоти санъатии кишвар
Саронаи маҳсулоти саноъатӣ дар Тоҷикистон 862 сомонӣ аст
Маҳсулоти саноъатӣ  48 дарсади содироти Тоҷикистон дар нимаи нахусти имсол

Бар асоси гузориши Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти саноъатӣ дар ин кишвар таи ин муддат 30.9 миллиард сомонӣ ( 2 . 7 миллиард доллар ) буд .
Бинобар ин гузориш афзоиши тавлиди маҳсулоти саноъатӣ дар моҳҳои мазкур нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 22.9 дарсад муодили 6.7 миллиард сомонӣ будааст .